Мусодираи беш аз ҳазор диски динии студияи “Нур” дар Душанбе
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз мусодираи беш аз 1 ҳазору 300 фиттаи муҳтавои динидошта дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе хабар дод.
Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи амалиёти вижаи кормандони Кумитаи дин ва Вазорати умури дохилӣ дар нуқтаҳои дискфурӯшии бозори мазкур 1342 фиттаи диние мусодира шудааст, ки аз сӯи студияи “Нур” омода ва бидуни ташхиси давлатии диншиносӣ ба фурӯш гузошта шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи дин, фиттаҳои динии мусодирашуда, бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, узбакӣ ва арабӣ будаанд. Кумитаи дин бар ин аст, ки ин бахши фаъолияти студияи “Нур” хилофи талаботи бандҳои 3 ва 4-и моддаи 22-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад. Манбаъ мегӯяд, дар робита ба ин қазияи парвандаи маъмурӣ боз карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси Кумитаи дин ахиран аз фаъолияти бархе нашриёт, матбаа, студияҳои сабти маводи видеоӣ, фурӯшандагони адабиёти динӣ бидуни гирифтани иҷоза нигаронӣ карда, гуфт, онҳо маводи диниеро ба фурӯш мегузоранд, ки аз ташхиси давлатии динӣ нагузаштаанд. Ғиёсов ин амали эшонро боиси сар задани ихтилофот дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик хонда, аз масъулини матбааву студияҳо талаб кард, ки фаъолияти худро тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ монанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)