Барканории Хайруддин Тӯраев ва Соҳибназар Раҳмонов
Бино ба иттилои манобеи муътамад, сардори хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи байналмиллии Душанбе -- Хайруддин Тӯраев барканор шуда, ҷои худро ба Шодибек Ҷалолов додааст. Манбаъ мегӯяд, ин тағйирот тақрибан як ҳафтаи пеш иттифоқ уфтода, иттилои бисёре дар бораи сардори нав надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Соҳибназар Раҳмонов, ки тайи шаш соли охир ба ҳайси муовини вазири тандурустии Тоҷикистон кор мекард, аз мақомаш барканор гардидааст. Як манбаи муътамад аз вазорат ба “Озодагон” гуфт, ин барканорӣ ду рӯзи пеш сурат гирифта, то ҳол касе ба ҷои Раҳмонов таъин нашудааст.
Вале Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори мо ин иттилоъро тасдиқ ва ё такзиб накард. Ӯ танҳо гуфт, “агар барканор шуда бошад, хабараш тариқи телевизион эълон хоҳад шуд”.
Раҳмонови 51-сола, зодаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд буда, маълумоти олии тиббиву иқтисодӣ дорад. Ӯ соли 1986 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ ва соли 2004 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ-бозраси андоз хатм намудааст. Соҳибназар Раҳмонов бори аввал моҳи феврали соли 2008 ва бори дуюм моҳи декабри соли 2013 муовини вазири тандурустӣ таъин шудааст.Дар акс: Соҳибназар Раҳмонов (чап) ва Хайруддин Тӯраев (рост) Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)