ИМА: “Аксар ҳукуматдорони тоҷик аз маҳалли президентанд"
Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши тозаи худ, ки 27 феврал нашр кард, Тоҷикистонро давлати авторитарӣ ё худкома дониста, гуфтааст, аксари кобинаи ҳукуматро намояндагони зодгоҳи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳанд.
Ба қавли гузоришнависон, агарчӣ Қонуни асосии Тоҷикистон бисёрҳизбиро кафолат додааст, вале ҳукумат бар зидди гуногунандешии сиёсист. Дар идома аз интихоботи президентии 6 ноябр низ ёдоварӣ шуда, таъкид рафтааст, ки “ин интихобот бидуни рақобати воқеӣ ва номуносиб ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд”.
Муаллифони гузориш ба муносибати дағалона ва шиканҷаи боздоштшудагон аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ишора кардаанд. “Саркӯб кардани фаъолони сиёсӣ, маҳдудияти озодии баён, дастрасии озод ба иттилоъ, чанд дафъа масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ, маҳдудтар кардани озодии виҷдон ва хушунат ва табъизи занон аз ҷумлаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст”,-омадааст дар гузориш. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)