Ҳалокати се марзбони Туркманистон дар пайи ҳамлаи “Толибон”
Дар пайи ҳамлаи ҷангиёни ҳаракати “Толибон” ба нерӯҳои сарҳадии Туркманистон се марзбони туркман ҷони худро аз даст додааст.
Бино ба иттилои CA-News, “Толибон” шоми рӯзи чоршанбе марзро дар ноҳияи Мукур убур намуда, ба неруҳои марзбонии Туркманистон ҳамла кардаанд. Бино ба иттилои расонаҳо бар асари ин ҳамла ҳамчунин ду сарҳадбони туркман ҷароҳат бардоштааст.
Гуфта мешавад, ин ҳамла зери раҳбарии қумондонҳои “Толибон” -- Абдулло ва Аҳмад сурат гирифта ва он нахустин ҳамлаи “Толибон” ба марзи кишварҳои ҳамҷавор аст.