Шаҳрванди Русия бо иштибоҳи хазинадор ба ҷои Курган ба Қӯрғонтеппа омад
Евгений Самошкин, шаҳрванди 19-солаи Русия 28 феврал тавассути хатсайри “Ист Эйр”, ки мебоист аз шаҳри Маскав ба шаҳри Кургани Русия сафар мекард, бо иштибоҳи хазинадор ба шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон омадааст.
Тимур Бандишоев, котиби матбуотии ширкати “Ист Эйр” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Евгений Самошкин, донишҷӯи соли 2-и Донишгоҳи федеролии шимол-шарқии шаҳри Якутск, мехостааст барои иштирок дар як конфронси илмии байналмиллалӣ ба шаҳри Кургани Русия сафар намояд: “Журналисти оянда натавонист ба кофронс ҳозир шавад чун аз Маскав ба Тоҷикистон омад”.
Ба гуфтаи Евгений Самошкин ҳангоми ба фурудгоҳи Қурғонтеппа фуруд омадан, ба ҳайрат афтидааст: “Вақте дар ин фурудгоҳ ба ман гуфтанд корти муҳоҷиратро пур кунам, ҳарон шудам. Намефаҳмидам, ки чаро дар қаламрави кишвари худ ман бояд ин кортро пур кунам. Ҳамчунин, дар ҳеҷ куҷо эълонҳо ба забони русӣ набуд. Вақте аз фурудгоҳ берун шудам, ронадаҳои таксӣ ба ман пешниҳоди сафар ба шаҳрҳое карданд, ки барои ман аслан ошно нестанд. Билохира, ба бюрои маълумотдиҳӣ муроҷиат кардам ва онҷо ба ман гуфтанд, ки Тоҷикистон омадаам”.
Тимур Бандишоев, сухангуи ширкати “Ист Эйр” афзуд, ки дар ҳоли ҳозир намояндаҳои ин ширкат ва кормандони фурудгоҳи Қӯрғонтеппа Евгений Самошкинро дар шаҳр тамошо дода истодаанд. Бегоҳӣ ӯ ба Маскав парвоз карда, аз он ҷо ба Якутск равона хоҳад шуд.
“Ба конфронс аллакай дер мондам. Шодам, ки онҳо ба ҳар ҳол мақолаи маро чоп мекунанд, яъне ман ғоибона дар ин чорабинӣ ҳузур доштам”, - гуфтааст Евгений Самошкин.