Истеъфои Асадулло Зоиров, раиси тозатаъини Роҳи оҳани Тоҷикистон
Асадулло Зоиров, раиси тозатаъини корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, аз симматаш канор рафтааст. Як масъули дафтари матбуоти Роҳи оҳан бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ҷаноби Зоиров бо хоҳиши худ аризаи аз кор рафтанашро навиштааст.
Мусоҳиби мо аз ҷузъиёти бештари ин хабар худдорӣ кард ва танҳо гуфт, “шояд ин кор барояш писанд наомадааст”. Ҳоло бо қарори раисиҷумҳур ба ҷои Асадулло Зоиров муовини аввалаш -- Комил Мирзоалиев таъин гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло маълум нест, Асадулло Зоиров ба кадом вазифа гузаштааст. Зоиров оғози моҳи феврал, дар пайи барканории Амонулло Ҳукумов ба ин мақом расида буд. Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки номи ӯ дар пайи садамаи писари 16-солааш моҳҳо боз дар сархати расонаҳо қарор гирифт, 4 феврал бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 98 ба нафақа баромада.
Амонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол боз зимоми ин корхонаро дар даст дошт. Номи вай дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор гирифт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)