Дасти Амрико дар қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон?
Ҷошуа Кучера, хабарнигори амрикоӣ, Иёлоти Муттаҳидаро дар ҳамкорӣ ба кочоқи маводи мухаддири Афғонистон, ки тавассути Тоҷикистон ба хориҷа интиқол меёбад, муттаҳам кардааст.
Кучера дар матлабе, ки маҷаллаи Politico онро ба нашр расонд, гуфтааст, Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки беш аз 80 дарсади ҳероини Афғонистон тавассути он ба Русия ва Аврупо интиқол меёбад. Ин хабарнигор навишта, ки ҳарчанд Амрико бо Тоҷикистон алайҳи паҳн шудани маводи мухаддир мубориза мебаранд, аммо дар як вақт таъсирнокии ин муборизаро зери суол қарор медиҳанд.
Ба гуфтаи муаллифи мақола, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 2001 барои таъмини амният дар Тоҷикистон тақрибан 200 миллион доллар масраф кардааст. “Соли 2012 нерӯҳои махсуси ИМА 350 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллиро омӯзиш доданд. Аз ҷумла ба онҳо дарсҳои тирпаронӣ, ҷанги тан ба тан ва истифодаи аслиҳа дода шуд. Аммо дар ҳоле ки Кумитаи амнияти миллӣ дар раддаи аввали мубориза бо тоҷирони маводи мухаддир меистад, ҳамчунин, аз ниҳодҳои аслии репресияи сиёсӣ дар кишвар аст ва бештари нозирон ширкати фаъоли онро дар ин робита мушоҳида кардаанд. Бино ба иттилои гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқ он ба боздошт ва шиканҷаи даҳҳо диссидент даст дорад”,-илова кардааст Кучера.
Ба таъкиди муаллиф, як қисми аслии маводи нашъадор бо миёнҷигии ашхоси баландмақоми ҳукумати Тоҷикистон интиқол мешавад. Ӯ афзуда, ки Амрико расман ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муносибати интиқодӣ дорад, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин сохторҳо бо амалҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир алоқаманданд.
“Аммо дар асл худи Вашингтон яке аз иштирокдорони аслии шабакаи кочоқи маводи мухаддир ба ҳисоб меравад”,-афзудааст хабарнигори амрикоӣ. Ба иттилои ӯ, қисмати аслии маводи нашъадор тавассути роҳҳои хуб ва пулҳои наздимарзӣ, ки яке аз онҳо соли 2009 бо 35 миллион доллар сармояи Амрико бунёд ёфтааст, интиқол мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)