Нигаронии Қудратов аз пурсуҷӯи пулис ва аксбардорӣ шудани кӯдаконаш
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов -- вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав мегӯяд, рӯзи 27 феврал ду ҷавони мошинсавор фарзандони ӯро ҳангоми бозӣ дар назди манзилашон аксбардорӣ кардаанд.
Қудратов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “духтарчаи калониам, ки 9 сол дорад, мегӯяд, вақте бо хоҳарчааш дар назди хона бозӣ мекарданд, ду нафар онҳоро акс бардоштаанд. Духтарчаам гуфт, бачаҳо дар сар кӯлоҳ дошта, сигор мекашиданд.”
Ин вакили мудофеъ бар ин назар аст, ки “аксбардорӣ”-и духтаронаш ҳамчун таҳдид ва огоҳие барои фаъолияти ӯст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, соати 22:30-и шаби панҷшанбе низ як маъмури пулис бо даъвои он ки режими шиносномавист, хостааст, асноди ӯро тафтиш карда, бидонад, ки дар манзили ӯ чанд нафар зиндагӣ мекунанд. “Ба саволи ман дар бораи он ки бо амри кӣ низоми шиносномавӣ дар шаҳр ҷорӣ шудааст, ҷавоб гуфта натавонист. Баъд аз он ки ман аз гуфтани номи онҳое, ки дар хонаамон зиндагӣ мекунанд, рад кардам, ӯ гуфт, маро хуб мешиносадва медонад, ба чӣ кор машғулам. Вай илова кард, ба зудӣ бо ман мушкиле мешаваду барояш муроҷиат мекунам ва ӯ кумак нахоҳад кард”,-афзуд Қудратов.
Ин вакили мудофеи Зайд Саидов рӯзи 25 феврал изҳор дошта буд, ки ба телефони ҳамроҳаш паёмакҳои таҳдидомез ворид шудаанд. Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, СМС аз шумораи 915651308 ворид шуда, дар он гуфта шудааст, ки: “гуш к да се рӯз вақт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таёрита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.
Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов ҳамингуна СМС ба рақами телефони Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров низ омадааст ва айни замон ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии онщову оилаашон пурра тащти хатар қарор дорад. "Ҳамаи ин бевосита бо иҷрои вазифаи касбии мо нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи конститутсионӣ ва шаҳрвандии маҳкумшуда Зайд Саидов алоқаманд мебошад”,-мегӯяд Шӯҳрат Қудратов. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)