Узрхоҳии Янукович аз сокинони Украина барои "ноуҳдабароияш"
Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украина, ки чанд рӯзи охир дар куҷо буданаш номаълум буд, дар Ростови лаби Дони Русия пайдо шуда, шоми 28 феврал нишасти хабарӣ доир кард.
Дар лаҳзаҳои аввали гуфтугӯ бо хабарнигорон Янукович вазъи кунунии Украинаро шармандагӣ донист ва аз тамоми сокинони кишвараш барои он ки натавонист оромиро ҳифз кунад, маъзаратхоҳӣ кард. “Аз тамоми ветеранҳо ва мардуми Украина узр мепурсам, ки натавонистам, оромӣ дар кишварро ҳифз кунам”,-таъкид дошт ӯ.
Янукович хабарҳоро дар бораи он ки гӯиё аз Украина фирор кардааст, рад намуд. Ӯ гуфт, ҳаргиз аз Украина фирор накардааст, балки хатари нобудшавӣ ӯро дуртар аз кишвараш нигоҳ медорад, ки дар сурати шароит фароҳам омадан ва додани кафолат боз ба онҷо бархоҳад гашт. Раисиҷумҳури барканоршудаи Украина афзуд, барои ояндаи кишвараш муборизаро идома хоҳад дод. "Ман бори дигар мегӯям, президенти қонуниям, ки дар пайи интихоботи озоду шаффоф ба курсӣ нишастаам ва ҳамин тавр хоҳам боқӣ монд",-таъкид дошт Янукович.
Дар мавриди оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ва масдуд шудани ҳисобҳои бонкияш, Янукович гуфт, “ман бори дигар мегӯям, ки қонунҳои қабулкардаи онҳоро намепазирам. Ин факти ҳуқуқиест, ки аз президент будани ман шаҳодат медиҳад. Аз тамоми иштирокдорони ин бесарусомонии Украина даъват мекунем, то ҳоло фурсат ҳаст, ҳамроҳ бо хоҷагони хориҷияшон аз роҳ баргарданд”.
Дар мавриди Юлия Тимошенко ва бозгашти ӯ ба саҳнаи сиёсат, Янукович изҳор дошт, ки ӯ намедонад, тақдири минбаъдаи собиқ нахуствазири Украина чӣ мешавад: оё дар интихобот иштирок хоҳад кард, ё не. “Ба ин савол бояд мардуми Украина худ ҷавоб диҳад. Ӯро додгоҳи Украина маҳкум кард ва дар шароити хуб дар маҳбас ба сар мебурд. Ман бар зидди ӯ чизе надораму накардаам, вале шартномаи ӯ бо Русия ба Украина миллионҳо зарар овардааст”,-таъкид дошт раҳбари барканоршудаи Украина.
Дар посух ба суоли он ки “агар таҳқиқи додгоҳи Гаага оғоз шавад, Шумо худро таслим мекунед ё не?”, гуфт, “аввал бояд таққиқи мустақилона сурат гирад ва баъд аз таҳқиқи мунсифона метавон дар бораи кадом як додгоҳ ҳарф зад”. “Ман бовар дорам, бо гузашти вақт ҳақиқат рӯи об мебарояд. Ҳоло, мутаассифона, намоиши даҳшатбори театрӣ идома дорад. Ин ҳама бояд бо сулҳ тамом шавад ва ин сенария аз хориҷ роҳандозӣ шудааст”.
Виктор Янукович дар мавриди он ки оё то ин дам бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дидор кардааст ва ё не, гуфт, “ман то ҳол бо Путин вонахӯрдаам, вале ҳар вақте ин вохӯрӣ баргузор шавад, миёни мо дар мавриди ин ҳама рӯйдодҳо баҳсе ба миён хоҳад омад. Ҳоло барои он ки Русия чӣ кореро бояд анҷом диҳад, чизе гуфтан барвақт аст. Аммо ҳаминро мегӯям, Русия набояд дар ин вазъияти шарики бузурги стратегӣ ва ҳамсояаш худро бетараф гирад ва он бояд аз ҳама нерӯи худ барои аз байн бурдани бесарусомониҳои Украина истифода кунад.”
Аз ин пеш, расонаҳои русӣ хабар дода буданд, ки ҳавопаймои раисҷумҳури фирории Украина дар ҳалқаи ҷангандаҳо дар Ростови лаби Дон фуруд омадааст. Ба иттилои манобеъ, ҳавопаймо наздикиҳои соати 22:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар фурудгоҳи ҳарбии Ростов нишастааст. Гуфта мешавад, Янукович дар як манзили шахсӣ ба сар мебарад, на дар бӯстонсаро барои ашхоси баландмақом.