“Ҳамла” ба дафтари ҲНИТ ва халалдор шудани ҷаласаи Кабирӣ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз мавриди “ҳамла”-и занон қарор гирифтани дафтараш дар шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад. Масъулини ин ҳизб мегӯянд, рӯзи 27 феврал ду сокини маҳаллӣ ба дафтари ҲНИТ ҳозир шуда, талош кардаанд, ҷаласаи фаъолони ҳизбро дар минтақа барҳам зананд.
Тибқи иттилои торнамои расмии ҲНИТ, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҳизб “ташриф”-и занонро амали тарҳрезишуда хонда гуфтааст, “ин занонро Иброҳим Исмоилов, собиқ сарҳанги пулис, яке аз ходимони аршади “Фронти халқӣ” раҳбарӣ мекард ва ин “ҳуҷум” қаблан аз ҷониби доираҳои номаълум тарҳрезӣ шуда буд.”
Ба қавли Сайфуллозода, “ҳамла”-и занон ба дафтари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, шӯъбаи амният, додситонӣ, шуъбаи минтақавии Вазорати умури дохилӣ аз баргузории ҷаласа бо ҳузури раҳбарияти ҳизб огаҳӣ доштанд: “Тамоми шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз ин ҷаласа огаҳ карда шуда буданд, то амниятро ба зимма бигиранд, ҳол он ки ҳеч кас аз масъулини ниҳодҳои фавқуззикр ба қароргоҳ ҳозир нашуд.”
“Ҳамла”-и занон ба қароргоҳҳои аҳзоби сиёсии кишвар бори аввал нест, дар гузашта низ чунин занҳои “исёнгар” ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ду бор ташриф оварда, ҷаласаи ин ҳизбро бекор карда буданд.
Бори аввал, моҳи декабри соли гузашта, ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон ба қароргоҳи ҲСДТ, ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, ӯро хоин ва душмани Эмомалӣ Раҳмону суботу оромӣ донистанд ва аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард. Ҳар чанд раҳбарияти ҲСДТ мегӯяд, борҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора шикоят бурда, талаби расидагӣ ба ин қазияро кардааст. Вале ба қавли Зоиров, Шуъбаи кофтукоби ҷиноии шаҳри Душанбе дар ин бора хомӯширо авло медонад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)