Сӯҳбати Раҳмону Ковалчук дар бораи қарзи Барқи тоҷик аз Сангтӯда-1
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Борис Ковалчук, раиси “Интер РАО ЕЭС”-и Русия масъалаи қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин дидор, ки 27 феврал баргузор шуд, ҷонибҳо бештар ба фаъолияти “Сангтӯда-1” ва роҳҳои пардохти қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди ин иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳ намудаанд. Қарзи “Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда-1” 427 миллион ва аз “Сангтӯда-2” ба беш аз 100 миллион сомонӣ расидааст.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот, инчунин, масоили ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи энергетикаи барқӣ, сохтмони дигар иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон матраҳ гардид.