Заминфурӯшӣ, номаи пеш аз марги Худойбердиев ва нақли Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 27 феврал дар гузориши худ ба аъзои палатаи болои парлумони кишвар аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба харидуфурӯши ғайриқонунии замин хабар дод.
Салимзода, аз ҷумла гуфт бархе аз мансабдорони давлатӣ усулҳои нави фурӯши ғайриқонунии заминро пайдо кардаанд. Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, яке аз чунин усулҳои ғайриқонуниро ахиран раҳбари идораи замини ноҳияи Ғончӣ дар номаи пеш аз маргаш ифшо кардааст.
Шерхон Салимзода нақл кард, Ахмедов -- муовини аввали раиси ноҳияи Ғончӣ, ки дар як вақт масъули Кумисюни қонунигардонии молу мулк буд, ғайриқонунӣ ба 167 нафар замини наздиҳавлигӣ тақсим намуда, дар 45 ҳолат заминҳои холиро ба номи шаҳрвандон ва хешу табораш, ки гӯиё дар онҳо иморат доранд, қонунӣ мегардонад.
“Инчунин, тибқи дастури ӯ раиси идораи замини Ғончӣ Худойбердиев барои ҷудо намудани замин аз сокинон маблағи калони пулӣ ҷамъ менамояд ва вақте қарорҳо бекор карда мешаванд, Ахмедов пулҳои ҷамъкардаро барнамегардонад ва аз ночорӣ Худойбердиев, раиси идораи замини Ғончӣ, худкушӣ мекунад. Дар ин бора дар номаи пеш аз маргаш қайд кардааст”,-афзуд ӯ.
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар масъалаи замин дар соли гузашта 587 парвандаи ҷиноӣ оғоз ва 402 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шудаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)