Uznews.net: Барои ВАО-и Узбакистон Украина вуҷуд надорад
ВАО-и расмии Узбакистон гуиё дар мавриди эътирозҳо дар Украина ва пирӯзии мухолифони президент Виктор Янукович чизе намедонад, навиштааст торнамои uznews.net.
Ба иттилои манбаъ, дар Узбакистон чунин ба назар мерасад, ки дар Украина чизе иттифоқ наафтодааст, “бо амри раҳбарият тамоми расонаҳои давлатӣ дар мавриди ҳаводиси Майдон ва ба дунбол тағири ҳокимият ҳарфе намегӯянд”.
-Хабари аввали расонаҳои кишвар ҳоло қарори райиси ҷумҳур Ислом Каримов “Дар мавриди омодагӣ ва баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз-2014 аст, меафзояд торнамо.
uznews.net менависад, ягона нашрияи интернетие, ки дар бораи Украина навишт, vesti.uz мебошад, ки ба ҳаводиси Майдон назари интиқодӣ дошт: “аҳолии шаҳрнишини Узбакистон маълумот дар бораи ҳаводиси Украинаро танҳо тавассути телевизионҳои ноқилӣ ва аз нуқтаи назари Русия мегиранд”.
“Дар Узбакистон аз инқилобҳо намегӯянд. ВАО дар мавриди ҳаводиси Миср, Туркия, Гурҷистон ва ҳатто Қирғизистони ҳамсоя дар соли 2010 хомӯш буд”,-навиштааст манбаъ.