ҲНИТ дар Суғд панҷ ҳазор бех ниҳол мешинонад (АКС)
Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд аз 27 то 1 марти соли ҷориро барои пайравони ин ҳизб дар шимоли кишвар рӯзҳои ободонӣ ва гулкорӣ эълон кардааст.
Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 27 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар тамоми навоҳии вилоят пайравони онҳо аксияи дарахтшинониро оғоз кардаанд. Ба гуфтаи Ёқубов, қарор аст, дар давоми се рӯз беш аз 5 ҳазор ниҳол дар гӯшаву канори навоҳии вилояти Суғд шинонда шавад.
Ин аксияи ниҳолшинонии бахши ҲНИТ дар Суғд дар ҳолест, ки соли 2014 аз сӯи ҳукумати ин вилоят соли ободонию гулкорӣ эълон шудааст. Раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд мегӯяд, ҳадаф аз ин иқдом ҷалби аҳзоб ва созмонҳои дигар низ барои иҷрои нақшаи пешгирифтаи масъулини ҳукумати вилоят барои ободонии кишвар мебошад.
“Бо ин амал мехоҳем то дигар ҳизбу созмонҳо низ дар ин барномаи масъулини ҳукумати Суғд шарик бошанд ва саҳми худро гузоранд”,-афзуд ӯ.