Ҷоми АФК-2014: Бартарии мизбонҳо дар даври аввал
Дар бештари дидорҳои аввали даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014, ки 25 ва 26 феврал сурат пазируфт, мизбонҳо дастболо шудаанд.
Аз 16 бозии анҷомшуда дар ҳаштои он соҳибони майдон ғолиб омада, танҳо дар се дидор пирӯзӣ насиби меҳмонҳо гардид. Панҷ бозии дигар мусовӣ анҷом ёфт.
Ду дастаи Осиёи Марказӣ ҳам бозиҳои нахустини худро дар даври гуруҳӣ анҷом доданд. Қаҳрамони Тоҷикистон – “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:3 аз “Сувайқ”-и Уммон шикаст хӯрд, аммо “Олой”-и Уши Қирғизистон дар майдони худ дидорашро бо “Риффа”-и Баҳрайн мусовӣ – 0:0 кард.
Натиҷаи ҳамаи бозиҳо чунин аст:
Гуруҳи “А”. Даври 1.
“Сувайқ” (Уммон) – “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН) - 3:1
“Сафо” (Лубнон) – “Зат Рас” (Урдун) - 1:0
Гуруҳи “В”. Даври 1.
“Қувайт” (Қувайт) – “Ан-Наҷма” - (Лубнон) - 2:1
“Ал-Ҷайш” (Сурия) – “Фанҷа” (Уммон) - 0:0
Гуруҳи “С”. Даври 1.
“Аш-Шорта” (Ироқ) – “Ал-Қудсия” (Қувайт) - 0:0
“Ал-Ҳидд” (Баҳрайн) – “Ал-Ваҳдат” (Сурия) - 3:1
Гуруҳи “D”. Даври 1.
“Олой” (Қирғизистон) – “Риффа” (Баҳрайн) - 0:0
“Шабоб ал-Урдун” (Урдун) – “Эрбил” (Ироқ) - 1:3
Гуруҳи “Е”. Даври 1.
“Персипур Ҷаяпур” (Индонезия) – “Черчилл Бразерс” (Ҳиндустон) - 2:0
“Ню Радиант” (Малдив) – “Ҳоум Юнайтед” (Сингапур) - 1:0
Гуруҳи “F”. Даври 1.
“Ханой Т&Т” (Ветнам) – “Мазия Спортс” (Малдив) - 5:1
“Селангор” (Малайзия) – “Арема” (Индонезия) - 1:1
Гуруҳи “G”. Даври 1.
“Янгон Юнайтед” (Мянма) – “Келантан” (Малайзия) - 5:3
“Саут Чайна” (Гонконг) – “Нинбин” (Ветнам) - 1:3
Гуруҳи “Н”. Даври 1.
“Тампинес Роверс” (Сингапур) – “Китчи” (Гонконг) - 0:5
“Пуне” (Ҳиндустон) – “Най Пий Тав” (Мянма) - 2:2