Кумакхоҳии президенти фирории Украина аз ҳукумати Русия
Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украина, барои таъмини амнияташ аз ҳукумати Русия кумак хостааст.
Ӯ дар муроҷиатномае, ки 27 феврал тавассути "Итар-ТАСС" пахш кард, гуфтааст, “ин шабу рӯз унвонии ману тарафдоронам таҳдидҳо мешаванд. Маҷбурам, аз ҳукумати Русия бихоҳам, ки амнияти шахсии маро аз ҳамлаи экстремистҳо таъмин кунад.”
Инчунин, Янукович ба шаҳрвандони Украина муроҷиат намуда, гуфтааст, ӯ чун дар гузашта раисиҷумҳури қонунии ин кишвар аст: “Ман, Виктор Федорович Янукович, ба мардуми Украина муроҷиат мекунам. Мисли гузашта худро раҳбари қонунии ҳукумати Украина медонам, ки дар асоси раъйи шаҳрвандони кишварам интихоб шудаам.” Раисиҷумҳури фирории Украина илова кардааст, тамоми қарорҳое, ки ҳоло дар парлумони Украина қабул мешаванд, ғайриқонуниянд.
ПАРЧАМИ РУСИЯ ДАР БИНОИ ПАРЛУМОНИ ҚРИМ
Дар ҳамин ҳол, бинои парлумон ва Шӯрои вазирони Қрим аз сӯи афроди мусаллаҳи номаълум ғасб гардида, болои он парчами Русия барафрохта шудааст. Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба қавли яке аз масъулони дафтари матбуоти парлумони Қрим навиштааст, барои тамоми вакилон рӯзи 27 феврал истироҳат эълон шудааст.
Рифъат Чубаров, раиси вакилони Қриму тотор дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, “ҳоло ҳадафи ғасбгарони бинои парлумони Қрим номаълум мебошад.” Манбаъ мегӯяд, ҳоло бинои парлумони Қрим дар муҳосираи шумораи зиёди кормандони пулиси маҳаллӣ қарор дорад.
Анатолий Могилев, нахуствазири Қрим гуфтааст, ин афроди мусаллаҳ вориди бинои парлумон шуда, бидуни ягон таҳдид шахсиятҳои ҳузурдоштаро аз дар берун кардаанду ҳоло дар дохил касе аз кормандон ҳузур надорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)