VIDEO: Баҳси Убайдуллоев ва Салимзода дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми феврал зимни гузориши Шерхон Салимзода дар назди аъзои Маҷлис хост, ҷинояткории кормандони прокуратура ва роҳ ёфтани шахсони тасодуфиро ба ин ниҳод шарҳ диҳад.
Убайдуллоев аз ҷумла Рустам Олимов, ёвари додситони кулли Тоҷикистон ва Ғиёсиддин Умаров, додситони ноҳияи Шӯроободро ном бурд, ки барои фасодкорӣ маҳкум шудаанд.
Дар посух Салимзода даст ба ҷиноят задани бархе аз кормандони додситониро таъйид карда, афзуд, ки воқеан мешаванд, ҳолатҳое, ки шахсони тасодуфӣ ба прокуратура роҳ ёфта ҷинояткорӣ мекунанд: “Мо кӯшиш мекунем , ки чунин ҳолатҳо кам шаванд.” Убайдуллоев таъкидан афзуд, ки “чунин ҳолатҳои ҷинояткорӣ набояд миёни кормандони Шумо бошад. Шахсони тасодуфиро ба прокуратура роҳ надиҳед.”
Убайдуллоев инчунин аз афзоиши нақзи қонуни танзими расму оин нигаронӣ карда, дар хитоб ба Салимзода ва мақомдорони дигари ҳузурдошта дар ҷаласа афзуд, чунин ҳолатҳо пеш аз ҳама миёни мою шумо сар мезананд: “Гарчанде аз қабули қонун дар бораи танзими расму оин вақти зиёд гузашт, нақзи ин қонун майли афзоиш дорад.” Раиси Маҷлиси Миллӣ аз додситони кулл хост ҷилави ин зуҳуротро гирад, чун ба гуфтаи Убайдуллоев ҷинояткорӣ дар маҷмуъ дар кишвар майли афзоиш дорад.
Дар посух Шерхон Салимзода таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон сари ҳар 100 ҳазор сокин 215 ҳолати ҷинояткорӣ рост меояд, ки нисбати кишварҳои дигари минтақа камтар аст. Аммо Убайдуллоев таъкид кард, ки ба ченаки кишварҳои ҳамсоя нигоҳ кардан даркор нест, зарур аст, ки ҷинояткориро дар Тоҷикистон кам кунем.
Салимзода барои боз ҳам кам шудани ҷинояткорӣ ва пинҳон намондани ҷиноятҳо, аз ҷумла дар самти танзими расму оин гуфт, зарур аст, ки раисони ноҳияҳо ва мансабдорон дар маҳалҳо бо мақомоти прокуратура ҳамкории бештар кунанд: “Мо талошҳоро дар ин самт бештар мекунем.”
Дар маҷмуъ зимни ҷаласаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 36 масъала баррасӣ шуда, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, муовини аввали Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед, раиси феълии Бадахшон муовини раиси Маҷлиси Миллиӣ, Фарҳод Раҳимов, президенти Акдемияи улум, раиси Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти он интихоб гардиданд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)