Отамбоев воқеаҳои Киевро ба нооромиҳои 2010-и кишвараш монанд кардааст
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳаводиси охири Киевро бо нооромиҳои соли 2010-и кишвараш муқоиса карда, ибрози умедворӣ кардааст, ки мардуми Украина бо ҳифзи ваҳдати миллии худ ватанашонро аз ин буҳрон берун хоҳанд овард.
Атамбоев гуфтааст, кушта шудани даҳҳо тазоҳургар дар майдони Киев барои мардуми Украина мусибатест ва Қирғизистон низ замоне бо ин гуна ҳаводис дар давраи ҳукуматдории оилавии Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури пешини ин кишвар рӯбарӯ шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло мардуми Украинаро барои расидан ба ҳукумати мардумию воқеан демократӣ роҳи пурмашаққате дар пеш аст.
“Ҳоло мардуми қирғиз масъулияти тақдири ояндаи ватани худро дар даст гирифтааст ва имрӯз низ бар дӯши сиёсатмадорони украинӣ масъулияти басо муҳим қарор дорад, аз он тақдири ояндаи кишварашон вобастагӣ дорад”,-таъкид кардааст Отамбоев.
Вай афзудааст, “сиёсатмадорони украинӣ бояд дар асоси манофеи тамоми мардуми кишварашон машварат карда, ватанро аз таҳдиди қисматшавӣ раҳо созанд ва мо умед дорем, ки шарикони стратегии байналмилалии украиниҳо низ дар ният ва аҳдофи ҳамдигар созгор буда, ба ин миллат як кумаки воқеӣ барои аз байн бурдани буҳрон хоҳанд кард.”