Матраҳ шудани қазияи Тутубалина ва “Asia-Plus” дар Ню-Йорк
Дуня Мятович -- масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён ва матбуот аз қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”, изҳори таассуф кардааст.
Мятович, ки зимни ҳамоиши байналмилалӣ оид ба озодии расонаҳо дар Ню-Йорк баромад мекард, аз қазияи Тутубалина зикр карда, гуфт, “25 феврал додгоҳи Тоҷикистон қарор кард, ки нашрияи “Азия-Плюс” барои матлбаи Тутубалина (“Неителигентно об интелентсии”) ба се даъвогар 4,5 ҳазор евро ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.”
Мятович таъкид кардааст, ин қарор дар ҳолест, ки номи ягон нафар аз даъвогарон, ки гӯиё зарари маънавӣ гирифтаанд, дар матлаби Тутубалина зикр нашудааст: “Дар ҷомеаи демократӣ бояд баҳсҳои оммавӣ бе татбиқи ҷазои молӣ баргузор шаванд.”
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал даъвои як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина -- муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро қисман қонеъ кард. Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфт, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён буда, муаллиф ва “Азия-Плюс” вазифадоранд, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намоянд ва ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева 10 ҳазор сомонӣ (дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ) ҷуброн пардохт кунанд. Ба қавли додрас, ин се нафар баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина зарари маънавӣ дидаанд.
Ин қарори додгоҳ дар дохили Тоҷикистон ҳам бо танқидҳо рӯбарӯ шуд. Намояндагони расонаҳои мустақил ва созмонҳои журналистӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс”-ро талоши мақомот барои маҳдудсозии озодии баён дар кишвар дониста, хостори лағви ин қарор дар дар зинаҳои болоии додгоҳ шуданд.