Изи Януковичи фирорӣ дар назди Маскав пайдо шуд
Расонаи маъруфи Русия-РБК бо такя ба манобеи муътамадаш дар ҳукумати Русия мегӯяд, Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украина феълан дар истироҳатгоҳи “Барвиха”-и зертобеи раисиҷумҳури Русия қарор дорад.
РБК аз қавли манбааш менависад, Янукович шаби сешанбе (25 феврал) ба Маскав омада, дар ошёнаи 11-уми меҳмонхонаи Украина, ки ҳозир “Radisson Royal” ном дорад, таҳти чораҳои шадиди амниятӣ, шабро рӯз карда, ба истироҳатгоҳи назди Маскав рафтааст.
Аммо мақомоти расмии Русия дар суҳбат бо РБК аз макони будубоши феълии Виктор Янукович изҳори бехабарӣ кардаанд.