Занони тоҷик дар рӯзи 8 март аз мардон чӣ интизоранд?
Аз даҳ нуҳ нафар марди тоҷик гуфтаанд, ки 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмиллалии занон таҷлил карда, ба бонувон туҳфа мекунанд.
Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” дар пайи як пурсиш муаяйн кардааст, ки 8-уми мартро назар ба занон мардон бештар ҷашн мегиранд. Бино бар иттилои “Зеркало” 8-уми мартро бештар мардони шаҳри Душанбе-97% ва ВМКБ -100% мунтазиранд. Дар вилояти Хатлон 93%, дар вилояти Суғд 90 % ва дар ноҳияҳои тобеи марказ танҳо 88 %-и мардон 8-уми мартро пешвоз мегиранд.
“Зеркало” мегӯяд, аҷибаш ин аст, ки 8-уми март бештар миёни мардони бекор – 95 %, нафақагирон – 93% ва коргарону муҳассилин 91 % маъруфият дорад.
Ба пурсиши ин марказ дар мавриди Рӯзи артиши миллии Тоҷикистон 23-юми феврал 77 дарсади занон гуфтаанд, ки ин рӯзро ҷашн гирифта, аз ин миён 73 фисади пурсидашудагон гуфтаанд, ки барои мардон ҳадя омода мекунанд. “Зеркало” мегӯяд, ки 84 % мардони пурсидашуда гуфтаанд, ки аз 23 – юми феврал ҳамчун рӯзи “мардон” таҷлил мекунанд.
Сеяки мардони пурсидашуда гуфтаанд, ки ба занон гул, атриёт ва ҳар марди 15-ум барои бонуи худ либос ва ё ҷавоҳирот ҳадя мекунанд. Қанду ширинӣ ҳам дар ин рӯз яке аз туҳфаҳои серталаб будаанд. Ҳамзамон ҳар 5-ум зан гуфтааст, дар ин руз хоҳиши гирифтани гул ва меҳрубонию дигар атоҳои ғайримодддӣ ба монанди “саломатӣ” ва “хушбахтӣ”-ро мунтазиранд.