Маҳмадамин Бозичаевич ба Бан Ки Мун эътимоднома супурд
Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал, рӯзи сешанбеи 25 феврал ба Бан Ки Мун, дабири кулли ин созмон, эътимоднома супурдааст. Оқои Маҳмадаминов дар моҳи январи соли ҷорӣ ба ҷои Сироҷиддин Аслов, ки ҳоло вазири умури хориҷист, ба ин мақом таъин шуд.
Ӯ то замони рафтанаш ба Созмони Милал тӯли тақрибан чаҳор соли охир вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ буд. Аз ин пештар, аз 2005 то 2010, раёсати бонки давлатии “Амонатбонк”-ро бар ӯҳда дошт. Маҳмадамин Маҳмадаминов 53 сол дошта, соҳиби чаҳор фарзан мебошад.