Тоҷикистон аз рӯи амният дар роҳҳо ҷои 2-ро гирифтааст
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Мичигани Амрико, ки дар асоси омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ амнияти ҳаракат дар кишварҳои ҷаҳонро баррасӣ кардааст, Тоҷикистонро аз рӯи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дар зинаи дуюм қарор додааст.
Пажуҳишгарон ба теъдоди фавтидагон дар садамаҳои нақлиётӣ сари ҳар 100 ҳазор аҳолии кишварҳои дунё баҳо дода, дар ҷои якум Малдивиро қарор додаанд, ки ба сари ҳар 100 ҳазор сокинаш ду фавтида дар роҳҳо рост меояд.
Тоҷикистон бо 3 фавтида дар роҳҳо сари ҳар 100 ҳазор сокин дар ҷои дуюм ва Малта бо ин нишондод дар зинаи сеюм қарор гирифтааст.
Ҳаракати пурхатартарин дар роҳҳои Намибия эътироф шудааст, ки ба сари 100 ҳазор сокинаш 45 фавтида дар садамаҳои нақлиётӣ рост меояд. Дар паи Намибия Таиланд бо 44 ва Эрон бо 38 фавтида қарор доранд. Нишондоди миёнаи фавт дар роҳҳои ҷаҳон 18 нафар сари 100 ҳазор сокин мебошад.