Аввал 150 сомонӣ бидеҳ! Баъд ба Маркази миллии тестӣ... бирав
Маркази миллии тестии Тоҷикистон, ки ахиран аз итоати Вазорати маориф ва илм бароварда шуда, бевосита зертобеи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гардид, эълон кард, барои хизматрасонӣ аз довталабон ҳаққи муайян хоҳад гирифт.
Тавре аз ин Марказ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои дохилшавӣ рӯзи 25 феврал дақиқ гардидааст ва он 150 сомонӣ мебошад.
Манбаъ таъкид кард, феълан барои сабтиноми довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар Бадахшон 1 нуқта таъсис дода шудааст. Қарор аст, сабти довталабон аз 1 март оғоз шуда, то нимаҳои моҳи апрел идома кунад.