Зоири Давлат: Ҷангҳои мазҳабӣ ё инқилоб дар Сурия?
Зоири ДАВЛАТ,
пажӯҳишгари масоили Ховари Миёна
Шуморе аз кишварҳои арабӣ аз қабили Тунис, Либия, Яман, Миср, Баҳрайн, Лубнон ва Сурия тайи солҳои ахир шоҳиди таҳаввулоте шуданд, ки дар таърих бо номи “Баҳори араб” сабт мешавад. Ба истиснои Сурия, дар кишварҳои дигар мавҷи инқилобҳо бо талафоти камтар поин шуда, ором-ором як навъ суботу истиқрор дар он онҷо барқарор гаштааст.
Аммо дар ин миёна Сурия ба майдони кашмакашу хунрезиҳо табдил ёфт, ки беш аз се сол боз оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар он хомӯш намешавад. Ин кишвар бо номи расмии “Ҷумҳурии арабии Сурия” ёд мешавад, ки дар тӯли таърих бо доштани ҷойгоҳи стратегӣ дар нуқтаи пайвастшавии се қора (қитъа)-и ҷаҳон: Осиё, Аврупо ва Африқо қарор гирифтааст. Бо кишварҳои муҳими минтақа Туркия, Ироқ, Лубнон, Урдун ва Исроил ҳаммарз буда, дар соҳили баҳри Миёназамин ҳам хоку марз дорад. Ба таври дигар бигӯем, Сурия дар байни Аврупои пешрафтаи саноатӣ ва Ховари Миёнаи нафтхез ҷой дорад.
Омори расмӣ нишон медиҳад, ки ҳудуди 47% ҷамъияти тақрибан 23 миллионнафараи Сурияро мусулмонони суннимазҳаб ва 13% алавиён, шиаҳои дувоздаҳимомӣ ва исмоилиён ташкил дода, теъдоди масеҳиён 10% ва дурузҳо 3% гуфта мешавад. Аз нигоҳи қавмият 90%-и ҷамъияти Сурияро арабҳо ва 9% курдҳо ташкил дода, дар маҷмуъ 1%-и аҳолӣ иборат аз туркҳо, черкесҳо ва яҳудиён мебошад.
Дар моҳи марти соли 2011 эътирозҳои мардумӣ дар ҷаҳони араб баланд гардида, дар шаҳрҳои мухталифи Сурия ба монанди Ҳамот, Ҷибила, Димишқ, Лозиқия, Даръо ва Ҳимс тазоҳурот ба вуқӯъ пайваст. Аммо ҳамоишу тазоҳуроти мардум аз ҷониби артиши давлати Сурия саркӯб шуд. Дар пайи саркӯб шудани тазоҳурот мавҷи эътирозҳо дар Ҳимс, Даръо ва Ҳамот шадидтар гардид. Дар Ҳимс қиёми мусаллаҳона тавассути Артиши озоди Сурия зидди Ҳукумати конститутсионӣ рух дод ва Президенти Сурия Башшор Асад, ки то он лаҳза дар бобати авзоъи кишвараш ба расонаҳо назаре намедод, дар мусоҳибааш бо расонаҳои давлатӣ сабаби қиёми мусаллаҳона дар Ҳимс ва иллати эътирозотро Исроил донист. Ӯ ҳамон замон эълом дошт, ки бо иқтидор дар баробари ин найрангу тавтеаҳо меистад.
Иттиҳодия (Лига)-и кишварҳои арабӣ дар пайи афзоиши эътирозҳо ва кушта шудани ҳазорон эътирозгар аз ҷониби давлат, узвияти Сурия дар Иттиҳодияи мазкурро ба ҳолати таълиқ даровард.
Ба ҳамин минвол даргириҳо дар Сурия идома пайдо карда, то феврали соли равон 2014 беш аз 150 000 шаҳрванди Сурия дар нооромиҳо ҷони худро аз даст дода, миллионҳо нафар бехонаву дару дарбадар шуданд. Дар ин ҷо сайъ хоҳем кард ба яке аз муҳимтарин нуқтаҳои низоъ ва кашмакаш дар Сурия рушанӣ андозем, ки он ҳам масъалаи нақши мухолифати мазҳаб (конфессия)-ҳои суннӣ ва шиа дар давом ёфтани ноамнӣ дар ин минтақаи ба истилоҳ “ҳаётан муҳим”-и дунё мебошад.
Дар назари аввал ва таҳлили сатҳӣ пайдост, ки хостаҳои мардумӣ аз ҷониби ҳукумат дар Сурия дастгирӣ наёфта, дар ин заминоташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифтааст. Аз он лиҳоз, ки ин масъала дар дохили кишвар ҳалли худро пайдо накард, дунболаи он дароз шуда, кишварҳои манфиатдор дар нооромии Сурия аз худ дарак доданд. Акнун ҷанги дохилии Сурия ба ҷанги қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубаддал шудан гирифт. Ба хусус, аз қудратҳои минтақавӣ Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пуштибонии Русия.
Ҷойи шакку тардид нест, ки дар Сурия шӯришиёни мусаллаҳ аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва ҳукумати Башшор Асад аз ҷониби Эрону Русия дастгирӣ меёбанд. Дар натиҷа, мардум ва сарзамини Сурия зиёну зарар мебинад. Зербинои иҷтимоӣ ва муассисаҳои ин сарзамин шикаставу нобуд шуда, аз ҳама муҳимтар мардуми Сурия, ҳам аз тарафи мухолифон ва ҳам аз тарафи Ҳукумати феълӣ, кушта мешаванд.
Сиёсатшиноси рус Владимир Ахмедов бар ин назар аст, ки “вазъият дар Сурия хусусияти худро дорад. Дар Миср, Тунис, Либия ва Яман қиёми мардум ё инқилоб буд. Онҳо ба поён расиданд. Чунин дурудароз монанди нооромӣ дар Сурия, дастикам се сол, дар ҳеч ҷое идома наёфтааст, зеро дар он ҷо на як ҷанг, балки якчанд ҷанг давом дорад. Ҳамзамон, яке ба дигаре замима мешавад.” Воқеан, дар аввал мардуми норозӣ ва хостори ислоҳот аз худ дарак доданд ва 7-8 моҳ пас бо идома ёфтани эътирозот низои мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Дар чунин ҳолат, Ҳукумати Асад танҳо аз усулҳои қудратӣ кор гирифт.
Ба назари ин сиёсатшиноси рус “имрӯз мубориза барои демократия дар маҳдудаи хурд давом дорад. Падидаи асосӣ ва ҷадид ҷанг байни сунниҳо ва шиаҳо аст. Феълан дар Сурия ҳазорон суннӣ ва шиа меҷанганд, ки шаҳрванди Сурия нестанд”.
Албатта, шиаҳо ҷонибдори Асад ва сунниҳо мухолифони ӯ ва ҳукуматаш мебошанд. Пеш аз ин навобаста ба режими дунявӣ ва алавӣ будани командаи Асад дар артиши Сурия намояндагони якчанд мазҳабу дин ифои вазифаву хидмат мекарданд. Ба қавли ин сиёсатшиноси рус, “имрӯз ҳам режим ва ҳам асоси низомии давлат дар хидмати як фирқаи динӣ – алавиҳо мебошанд ва дигар танҳо барои вуҷуд доштан (аз байн нарафтан) муқовимат мекунанд. Дар тарафи муқобил бошад, сунниҳо аксариятро ташкил медиҳанд, ки дар оғоз тазоҳуроти сулҳомезро ташкил дода, баъд аз он ки Асад фактори диниро истифода бурд, онҳо низ муборизаи мусаллаҳонаро оғоз карданд”.
Хулоса, дар Сурия мубориза барои озодиҳои шаҳрвандӣ ба муқовимат бо хусусияти кашмакаши чандмазҳабӣ табдил ёфта, дар ҳоли ҳозир муборизаи ду мазҳаби асосии Ислом дар ин сарзамин идома дорад.
(ИДОМА ДОРАД)