Додарарӯси президент ҳам пасванди "ОВ"-ро аз насабаш гирифт
Амирулло Холов, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ахиран ба мансаби шаҳрдории Қӯрғонтеппа таъйин гардид, пасванди русии “ов”-ро аз насаби худ хат зада, онро ба Амирулло Асадулло табдил додааст.
Амирулло Асадуллои 45-сола то замони нишастанаш ба курсии шаҳардори Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии Хатлон, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ буд. Вай дар ин вазифа ду сол кор кардааст.
Амирулло Асадулло зодаи ноҳияи Данғара буда, соли 2004 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва соли 2009 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст. Ихтисосаш иқтисодчӣ ва олим-агроном буд, узви Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон низ мебошад.
Ин додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта дар симатҳои директори комбинати маҳсулоти сохтмонии шаҳри Сарбанд (2005-2008), директори кулли ҶСШП Ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ - асри ХХI», директори кулли ҶДММ «Тим Сервес»-и шаҳри Душанбе (2008-2009), раиси Шӯрои директорони ҶСП СИТ «Рушди Хатлон»-и шаҳри Сарбанд (2010-2012) ва директор оид ба масъалаҳои таблиғотӣ ва иҷтимоии ҶСК «НБО Роғун»-и шаҳри Роғун ифои вазифа кардааст.
Амирулло Асадулло бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” мебошад.