"Лағви лимит аз ҳаво ва ҳаҷми об дар дарёи Вахш вобаста аст"
Ширкати “Барқи тоҷик” масъалаи лағви лимит ё худ маҳдудияти таъмини барқро дар Тоҷикистон баррасӣ дорад.
Масъулини ширкат мегӯянд, феълан дар ҳамкорӣ бо обуҳавошиносон масъалаи бекор кардани маҳдудияти интиқоли барқ ба навоҳии Тоҷикистонро баррасӣ доранд, вале санаи дақиқи бекор кардани лимит маълум нест. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат мегӯяд, лағви лимит аз боду ҳаво ва ҳаҷми об дар дарёи Вахш вобаста аст.
Соли гузашта аз лағви лимит Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 7-уми март дар мулоқот бо занон хабар дода буд. Дар мавсими ҷорӣ маҳдудияти барқ 26-уми октябри соли 2013 ҷорӣ шуда буд.