Тендери шаҳдории Душанбе барои фейерверк дар Наврӯз
Шаҳрдории Душанбе барои ташкил ва омада кардани мушакпарронӣ (фейерверк)-и идона бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2014 тендер эълон кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, теъдоди ширкатҳои довталаб маҳдуд набуда, то 9 марти соли ҷорӣ ҳаққи пешниҳоди барномаи худро доранд. Манбаъ мегӯяд, рӯзи 10 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳр Душанбе ҷамъбасти тендер баргузор хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе қарореро содир намудааст, ки бар асоси он дар ҷашни иди Наврӯз-2014 дар пойтахти кишвар мушакпарронӣ (фейерверк)-и 5-дақиқаӣ баргузор карда мешавад.