ВИДЕО: Ҳомиладор шудани се хонандаи синфҳои 8-9 дар Бобоҷон Ғафуров
Тоҷиддин Саидов, додситон (прокурор)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, аз ҳомиладор шудани се хонандаи синфҳои 8 ва 9 дар макотиби ин ноҳия изҳори ташвиш кард. Ӯ рӯзи 25 феврал дар ҳоле ки дар бораи ҷилавгирӣ аз ҷинояткории ноболиғон дар бинои мақомоти додситонии Бобоҷон Ғафуров сӯҳбат мекард, гуфт, ин се ҳолат дар соли 2013 ба қайд гирифта шудаанд.
Ҷаноби Саидов рӯзи 26 феврал дар сӯҳбат бо “Озодагон” ин се ҳолатро шарҳ дода ва гуфт, “ҳомиладории ду хонанда берун аз Тоҷикистон иттифоқ уфтодааст”. Ба қавли ӯ, то замони ба таваллудхона рафтани хонандагон волидон аз ҳолати онҳо огоҳӣ надоштаанд. Ба ин тартиб, Тоҷиддин Саидов аз бемасъулиятии волидон дар таълиму тарбияи фарзандон изҳори нигаронӣ кард.
Додситони Бобоҷон Ғафуров гуфт, ҳарчанд дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, вале онҳо дар робита ба ин масъала чораандешӣ кардаанд. Вай илова кард, дар тӯли соли 2013, инчунин, се ҳолати ба амалҳои шаҳвонӣ маҷбур кардани духтарони ноболиғ низ ба қайд гирифта шудааст.ВИДЕО АЗ ТЕЛЕВИЗИОНИ СИМОИ МУСТАҚИЛИ 1-И ХУҶАНД: