Таҳқиқи тирпаронии 11 январ аз сӯи додситониҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Додситонии кулли Тоҷикистону Қирғизистон қазияи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои ду кишвар дар Хоҷаи Аълои Исфараро таҳқиқ мекунанд. Дафтари матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон мегӯяд, рӯзи 21 феврали соли ҷорӣ А.Салянова, раҳбари ин ниҳод ва ҳамтои тоҷикаш - Шерхон Салимзода барои ташкили гуруҳи тафтишотӣ-фаврии муштарак қарордодеро имзо кардаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳайати ин коммисия, ки задухӯрди мусаллаҳона дар марзи кишвар бо Қирғизистонро таҳқиқ мекунад, иборат аз намояндагони додситонии низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар мебошад. Додситонии кулли Қирғизистон афзудааст, назорати фаъолияти комиссияи тафтишотӣ ба зиммаи Додситонии низомии ду кишвар гузошта шудааст.
Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар пайи идомаи сохмтони роҳи алтернативии Қирғизистон, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, дар Хоҷаи Аълои Исфара даргирӣ миёни марзбонҳои ду кишвар сурат гирифт, ки дар пай ҳашт захмӣ боқӣ гузошт.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Ҷониби Қирғизистон ҳам дар ин баҳс паст наомада, марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафири худро аз Душанбе барои “мушовара” ба Бишкек хонду марзбонҳои тоҷикро дар сар задани ин ҳодиса муттаҳам кард.