Мухолифати Хидирова ва ҷонибдории сеяки сокинон аз дузанагӣ
Назарпурсӣ миёни корбарони интернет дар Осиёи Миёна муайян кардааст, ки ҳар сокини сеюми минтақа ҷонибдори дузанагӣ мебошанд. Зимни ин назарпурсӣ, ки аз ҷониби пойгоҳи хабарии CA-News давоми моҳи феврал гузаронда шудааст, 53 дарсади иштирокдорон зидди дузанагӣ баромадаанд.
Тибқи ин назарпурсӣ 11 дарсад иқрор шудаанд, ки зани дуюм доранд ва 4 дарсад гуфтаанд, ки худашон зани дуюм мебошанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирати оммавии мардон аз Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, азҳампошии хонаводаҳо ва бе шавҳар мондани занонро ба бор овардааст.
Бар асоси як омори Созмони Миллал феълан ҳудуди 300 ҳазор зани аз 30-сола болои Тоҷикистон бе шавҳар мебошанд. Бархе аз таҳлилгарон барои ҳалли ин мушкил роҳандозии таҷрибаи дузанагиро пешниҳод кардаанд. Аммо Мағфират Хидирова, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар посух ба суоли “Озодагон” дар робита ба дузанагӣ гуфт, “қонунгузории Тоҷикистон ба ин масъала ҷавоби қотеъона додааст ва он манъ мебошад.”
Ин дар ҳолест, ки аз нигоҳи Ислом, ки 99 дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави онанд, бисёрзанагӣ иҷозат дода шудааст ва он ҳам ба шарте ки агар мард тавоноӣ дошта бошаду баробар бо ҳамаи занҳояш муносибат ва таъмин кунад.