Ифшои ҷузъиёти парвандаи марбут ба куштори 11 зан
Азизбек Назаров, як масъули Прокуратураи генералии Узбакистон бархе ҷузъияти парвандаи пурсарусадои куштори 11 зан аз ҷониби ду шаҳрванди ин кишварро эълон кардааст.
Торнамои 12uz.com менависад, ки Абдусаид Ормонов ва Пулод Пардалиев дар анҷоми куштор ва авбошӣ муттаҳам шинохта шуда, бо ҳукми додгоҳ ҳабси абад гирифтанд.
Азизбек Назаров гуфтааст, давоми солҳои 2011-2012 ин афрод дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Тошканд 7 ва дар қаламрави Қазоқистон 4 занро кушта, чандин нафари дигарро ғорат кардаанд.
“Қотилон аз рӯи як схема амал мекардаанд: бо пешниҳод кардани хизматрасонии таксӣ занҳоро ба сабукрави Мersedes Benz 180-C нишонда, ба ҷои беодам мебурдаанд. Баъдан, онҳоро буғӣ намуда, ба номусашон таҷовус мекардаанду маблағ ва ҷиҳози қимматбаҳои онҳоро мегирифтаанд. Дар чорчуби ин парванда беш аз 2 ҳазор нафар ба сифати шоҳид пурсида шудаанд", - афзудааст Назаров.