Қаробати Амрико бо Тошканд барои коҳиши қудрати Маскав?
Нашрияи Ҳизби коммунистии Русия - “Правда” бар ин аст, ки Амрико ба хотири коҳиши қудрати Маскаву Пекин дар Осиёи Марказӣ мехоҳад, равобити худ бо Узбакистонро густариш диҳад.
Ин нашрия мегӯяд, ахиран Вазорати умури хориҷии Амрико тавофуқи Конгрессро барои кумаки низомӣ кардан ба Узбакистон ба даст овардааст. Ба навиштаи Правда, равобити Вашингтону Тошканд баъд аз ҳодисаҳои Андиҷон ба сардӣ гароида буд: “Аммо дар пайи мустақар шудани пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, Амрико мехоҳад, дубора бо Узбакистон равобити дӯстона ба роҳ монад.”
Паравда мегӯяд, кумак ва дастгириҳои Вашингтон аз мақомоти Тошканд дар ҳолест, ки тамоми созмонҳои ҳуқуқи башар аз поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Узбакистон шикоят доранд.
Ба иттилои манбаъ, кумаки низомии Амрико ба Узбакистон феълан аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, лавозимоти дифои шахсӣ ва дастгоҳҳои шахсии муайянкунандаи мавқеъ тавассути моҳвора иборат мебошад.