“Тоҷикматлубот”: 90%-и корҳо дар “Саховат” иҷро шудаанд
Иттифоқи “Тоҷикматлубот” мегӯяд, то ҳол 90%-и корҳои сохтмониву барқароркунӣ дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб, ки дар пайи сӯхтори шаби 12-уми январ хароб гардида буд, анҷом ёфтаанд.
Ба иттилои манбаъ феълан дар бозор корҳои рангуборкунӣ ва тозакунии атрофи бозор мондааст, ки рӯзҳои наздик ба анҷом хоҳад расид.
Қаблан Сироҷиддин Валиев, раиси “Тоҷикматлубот”, зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфта буд, ки, сӯхтори бозори “Саховат” дар Кӯлоб дар ҳаҷми 4 миллион сомонӣ ба кормандони соҳа зарар расондааст. Ба қавли Валиев, дар натиҷаи ин сӯхтор 669 соҳибкор аз ҷои кор маҳрум шуданд: “Мо барои барқарор сохтани дӯкону мағозаҳои сӯхта феълан 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намудем ва то баҳори соли равон бозорро пурра барқарор ва ба соҳибкорон бармегардонем.”
Мақомот ваъда доданд, ки корҳои барқарорсозӣ дар бозор то иди Наврӯз пурра ба анҷом расонида мешавад.