То 4 000 сомонӣ поин омадани гаравпулии номзадҳо дар интихобот (ВИДЕО)
Ҳумайрои БАХТИЁР
Дар пайи қабули тағйиру иловаҳо ба “қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ” гаравпулии номзадҳо аз 200 нишондиҳанда ба 100 (4 ҳазор сомонӣ) коҳиш дода шуд. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар парлумон, гуфт, коҳиш ёфтани гаравпулӣ имкон медиҳад, то сокинони зиёд номзадии худро ба интихоботи Маҷлиси Олӣ гузоранд.
Ҷаноби Ватанов афзуд, “тибқи пешниҳоди мо ҳафт шабонарӯз қаблтар аз баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ номзад ҳақ дорад номзадиашро бозпас бигирад. Инчунин, бар асоси ин тағйирот маърака ва корҳои таблиғотиро кормандони мақомоти давлатӣ идора нахоҳанд кард.”
Галия Рабиева, вакили дигари Маҷлиси Намояндагон, низ дар баромади худ гуфт, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда барои баргузор гардидани интихоботи шаффоф ва демократӣ мусоидат хоҳанд кард: “Барои таблиғи шахсиятҳои номзад вақт дар эфири радио ва телевизион зиёд карда мешавад. Ҳамчунин дар бюллетенҳои овоздиҳӣ як банди алоҳида, “Муқобили ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳо” ворид карда мешавад.”
Хонум Рабиева мегӯяд, тамоми пешниҳоди онҳо аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон, ҳукумат ва дигар сохторҳо ҳимоят ёфта, ҳамзамон тамоми кумитаҳо хулосаи худро пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи Рабиева, Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков, вакилон аз Ҳизби коммунист, дар баробари хулоса пешниҳоди худро низ ирсол намудаанд, ки дар умум аз 22 пешниҳод 11-то комилан ва 6-тои он қисман қабул гардида, боқимондааш бо далели берун будан аз моҳияти лоиҳа ба эътибор гирифта нашудаанд.
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон гуфт, “албатта, қабули тағйиру иловаҳо қадаме ба пеш аст, аммо он барои баргузории як интихоботи комилан шаффоф ва демократӣ мусоидат намекунад. Ман наметавонам талаб кунам, ки тамоми пешниҳоди ҲКТ-ро қабул кунанд. Аммо ҳамон меъёри муаяйнгардида барои гаравпулӣ ҳамоно зиёд аст. Ҳамакнун гаравпулии номзадҳо ба 4 ҳазор сомонӣ фароварда шуд. Бояд гуфт, ин барои як муаллим ва ё коргари оддӣ маблағи зиёд аст.”
Шодӣ Шабдолов гуфт, ин гаравпулӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ низ ҳамоно маблағи ҳангуфт боқӣ хоҳад монд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, низ гуфт, ки пардохти гаравпулӣ ҳамоно зиёд аст. Ба қавли Кабирӣ, илова бар ин агар номзад 49 дарсади овозро бигирад, наметавонад маблағи худро баргардонад, ки ин ғайримантиқист. “Пешниҳоди мо ҳам ин аст, ки гаравпулӣ 20 нишондиҳанда, наздик ба 800 сомониро ташкил диҳад. Номзад дар сурати ба даст овардани 10 ва ё 20 дарсади овоз имкони бозпас гирифтани маблағи худро дошта бошад”,-илова кард ӯ.
Роҳбари ҲНИТ афзуд, муқаррар кардани бозпас гирифтани номзадӣ 7 шабонарӯз пеш аз интихобот ҳам ғайримантиқӣ мебошад: “Шароит бояд ба гунае бошад, ки номзад як шабонарӯз ва ё ҳатто 1 соат пеш тавонад номзадии худро бигирад. Шояд инҷо далелҳо бошад, ки агар номзад 1 соат пеш номзадиашро гирад, исми ӯ дар бюллетенҳои Кумисюни марказии интихобот чӣ мешавад? Дуруст аст, ки мо мехоҳем як каме кори КМИР-ро осон кунем, вале бо ин ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунем.”
Оқои Кабирӣ гуфт, инҷо ҳамаи пешниҳодҳои худ ва ҳизбашро намегӯяд, чун умедвор аст, ки лоиҳаи пешниҳодии вакилони ҲНИТ аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон пуштибонӣ хоҳанд ёфт. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолиф дар кишвар, баъд аз анҷоми интихоботи президентии 6 ноябри соли 2013 гуфта буд, онҳо тамоми талоши худро ба интихоботи соли 2015 равона кардаанд ва бисёр мехоҳанд, курсиҳои бештари Маҷлиси Намояндагонро соҳиб шаванд.
Ҳизби наҳзати исломӣ дар ду интихоботи гузаштаи парлумонӣ бо номзадҳои худ иштирок карда, дар ду навбат ду курсии парлумонро соҳиб шудааст.