Фарзона – нахустин бонуи овозхони тоҷик дар PMC
Фарзонаи Хуршед аз нахустин бонувони овозхони тоҷик аст, ки клипи ӯ тавассути шабакаи мусиқии форсизабон – PMC пахш гардид.
Клипи “Биё-биё”-и Фарзона бори аввал 24 феврал тариқи эфири PMC намоиш дода шуд. Матни ин суруд аз худи Фарзона буда, оҳангашро Суҳроб Кенҷаев сохтааст.
Нахустин хонандаи тоҷик, ки клипҳояшро PMC намоиш додааст, Садриддини Наҷмиддин аст. Таронаи “Дигар”-и ӯ аввалин клипи тоҷикӣ буд, ки ин шабака соли 2005 пахш кард.
Дар чанд моҳи ахир PMC клипҳои Баҳроми Ғафурӣ “Биё, ай нозанинам”, “На, нару” ва Валиҷон Азизов “Ман ошиқи ту ҳастам”-ро низ намоиш дод.