"ХТ": “Облава”-и занон дар Туркманистон идома дорад
Торнамои “Хроника Туркменистана” навиштааст, ки агар командони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон қаблан шабона аз тарабхона, қаҳвахона ва кӯчаҳои пойтахти кишвар занону бонувонро боздошт мекарданд, ҳоло ин кор дар минтақаҳо низ анҷом мешавад.
“Кормандони пулиси Дашогуз, маркази маъмурии минтақаи шимолии Туркманистон ба қаҳвахона ва тарабхонаҳо рафта, занону духтаронро боздошт мекунанд. Агар зан ҳамроҳи марде паси миз нишаста бошад, пас бояд собит намояд, ки онҳо зану шавҳаранд. Дар сурати бо худ надоштани ҳеҷ санад пулис занҳоро ба шӯъбаи умури дохилӣ мебарад ва то он ки шавҳараш аз хона ҳуҷҷатҳоро наорад, онҷо нигоҳ медорад”,-навиштааст манбаъ.
“Хроника Туркменистана” моҳи ноябри соли сипаришуда дар матлабе навишта буд, ки дар шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба боздошти занҳо дар қаҳвахона, тарабхона ва клубҳои шабона машғуланд. Ба иттилои манбаъ, баъди соати 23:00, ки то ин соат муассисаҳои фароғатӣ ҳаққи фаъолият доранд, занҳо дар кӯча дастгир ва ба идораи пулис бурда мешаванд. “Аз занҳои боздоштшуда ба таври маҷбурӣ намунаҳо барои муайян намудани маризиҳои сироятӣ ва ташхиси пешоб барои маълум кардани нашъаманд будан ё набудани онҳо гирифта мешавад”,-менависад торнома ва меафзояд, ки “боздошт ё “облава”-и занҳо аз рӯи чунин сенария сурат мегирад: гуруҳи мардон бо либоси мулкӣ вориди муассисаи фароғатӣ шуда, занҳоро боздошт ва идораи пулис мебаранд. Онҳо ҳам занҳоеро, ки дар танҳоӣ нишастаанд ва ҳам занҳоеро, ки ҳамроҳи мардон-дӯстписар ё шавҳарҳояшонанд, дастгир мекунанд. Ба мардон кордор намешгаванд, танҳо занҳоро мебаранд. Дар ин миён суханҳои шавҳар ва бародарҳои онҳо кора намекунад. Кормандони пулис талаб мекунанд, ки шавҳар ё хеш будани худро онҳо аз рӯи санад муайян созанд. Мардон маҷбур мешаванд, таксӣ киро намуда ба хонаҳояшон бираванд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро ба идора пулис биёранд”.