Суфиев барои куштори 2 нафар дар бӯстонсаро 19 сол гирифт
Додгоҳи вилояти Аштархон (Астрахан)-и Русия шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон, Аловуддин Суфиевро дар куштори ду нафар гунаҳкор дониста, ба 19-соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Аштархон 3-юми сентябри соли 2012 Суфиев бо ҳамроҳии се нафари дигар дар як бустонсаро истироҳат мекард: “Ҳангоми арақнӯшӣ бо як ҳамроҳаш –Икромов, нафари сеюм-Муродовро бо корд зада мекушанд ва баъдан Суфиев аз ҳуҷра мебарояд. Дар ҳамин ҳол ғало-ғуларо шунида, ҷияни кушташуда-Салоҳуддинов ба ҳуҷра медарояд ва Икромовро дар сари мурдаи амакаш дида, барои қасосгирӣ ӯро захмӣ мекунад. Суфиев, ки ин замон ба ҳуҷра даромадааст, барои зинда намондани шоҳиди куштор, ҳамроҳ бо Салоҳиддинов, Икромовро мекушанд.”
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, барои исботи ин гуфтаҳо тамоми далелҳоро ба додгоҳ пешниҳод карданд ва ниҳоят додгоҳ Суфиевро барои куштори ду нафар ба 19 соли зиндони низомаш сахт ва Салоҳиддиновро ба 11 сол маҳкум кардааст.