Ҷавоби ради шаҳрдорӣ барои баргузории гирдиҳамоии 1 март
Шаҳрдории Алма-Атои Қазоқистон ба дархости фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин минтақа барои иҷоза ба баргузории гирдиҳамоӣ дар рӯзи 1 марти соли ҷорӣ ҷавоби рад додааст.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, мақомоти Алма-Ато гуфтаанд, майдони кинотеатри ба ном “Сари-Арка”, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои гирдиҳамоӣ интихоб кардаанд, рӯзи 1 марти соли ҷорӣ банд мебошад. Ба гуфтаи онҳо, гӯиё дар ин рӯз гирдиҳамоие бахшида ба ватандӯстӣ бо шумули донишомӯзони донишгоҳу колеҷи Алма-Ато дар нақша гирифта шудааст.
Қаблан Ҳаракати демократии Қазоқистон ва Мурод Толибеков, раҳбари Иттиҳоди мусулмонони ин кишвар аз баргузории гирдиҳамоии мусоламатомез дар назди кинотеатри “Сари-Арка”-и шаҳри Алма-Ато хабар дода буданд. Онҳо гуфтаанд, Соҳиб Ҷанабаев, яке аз фаъолони Ҳаракати коргарон бо ирсоли як нома ба унвони шаҳрдории Алма-Ато барои баргузори гирдиҳамоӣ иҷоза хостааст.
Манъи баргузории гирдиҳамоиҳо дар Қазоқистон дар ҳолест, ки Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ахиран дар як занги телефонӣ бо ҳамтои русаш - Владимир Путин вазъ дар Украинаро ба баҳс кашидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи нооромиҳо ва даст ба тазоҳурот задани бархе аз сокинони Украина дар майдони Киев ҳукумат ва раисиҷумҳури ин кишвар бо қарори парлумон ба истеъфо фиристода шуда, ба баргузории интихоботи қабл аз муҳлати президентӣ дастур дода шудааст.