Суолу ҷавоби Муҳиддин Кабирӣ бо Салимзода дар парлумон (ВИДЕО)
Ҳумайрои БАХТИЁР
Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 25 феврал тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратура”-ро қабул карданд.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ дар парлумон гуфт, афроде додситони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъин хоҳанд шуд, ки даҳ сол собиқаи корӣ дошта, се солашро дар мақоми роҳбарикунандаи ин ниҳод ё мақомоти олии қонунгузорӣ сипарӣ кардаанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумон, аз Шерхон Салимзода зарурати ворид кардани чунин тағйиру иловаҳоро пурсид: “Беҳтар мебуд, то шарҳ медодед, ки чӣ зарурат дорем барои дарро боз кардан барои корманди мақомот ва ё ҳатто қонунгузорӣ барои кор кардан дар додситонӣ? Лозим аст, ки чанд сол кор карда бошад? Ё ин маънои онро дорад, ки қаблан дар бахши додситонӣ кор кардаасту баъд гузашт ба қонунгузорӣ ё мақомоти ичроия. Манзур ин аст, ё ин ки дипломи ҳуқуқшиносӣ дораду чанд сол дар парлумон кор кардааст, метавонад додситони шаҳр ва ё вилоят шавад? Барои ман муаммо монд, ки оё ин сабабаш нарасидани кадрҳо дар дохили додситонӣ аст, ки мо ҷалб мекунем аз мақомоти дигар, ё сабаби дигар дорад?”
Дар посух ба ин пурсиши вакили парлумон Шерхон Салимзода, додситони кулл, гуфт: “Камбудӣ аз мо буд, ки дар баромади худ қисми аввали меъёри мазкурро ба диққати вакилон нарасонидем. Шартҳо оид ба таъин шудани додситони вилоятҳова шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст. Шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад, дар мақоми додситонӣ даҳ сол собиқаи корӣ дошта бошад, аз ин даҳсола бояд, ки се солаш боз дар вазифаҳои роҳбарикунанда бошад.”
“Қаблан чунин буд, ки танҳо шахси 5 сол дар мақоми додситонӣ кор карда метавонист додситони вилоятҳо ва ё Душанбе таъин карда шавад”,-афзуд Шерхон Салимзода. Додситони кулл гуфт, дар гузашта мутахассисоне буданд, ки давоми солҳои зиёд ба унвони муовини додситон кор карда, аммо тибқи меъёри, ҳамакнун қаблӣ, ҳаққи таъин гардидан ба вазифаи додситони вилоят ва ё шаҳрро надоштаанд.
“Акнун муайян мешавад, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда се сол кор карда бошад. Хушбахтона, бисёре аз кормандони мо дар парлумон ё ба ҳайси вакил ва ё дар шуъбаи дигар кор мекунанд, тибқи меъёри тоза, ин собиқаи корӣ ба собиқаи кории вазифаи роҳбарикунандаи мақомоти додситонӣ баробар дониста шавад”,-илова намуд додситони кулли кишвар.