Ба зону зада, узрхоҳӣ кардани нерӯҳои таъиноти махсус аз тазоҳургарон (VIDEO)
Ҳудуди 100 нафар аз кормадони нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати умури дохилии Украина, Беркут, шоми 24 феврал дар майдони шаҳри Лвови ин кишвар бо зону нишаста, аз тазоҳургарон узр пурсидаанд.
Яке аз кормандони Беркут суханронӣ карда, қавл додааст, ки кормандони таъиноти махсуси ин минтақа минбаъд ҳамеша ҷонибдорӣ аз мардум хоҳанд кард. Инчунин, ӯ талош кардааст, то мардумро қонеъ созад, ки кормандони Беркути Лвов дар нооромиҳои шаҳри Киев иштирок наркардаанд.
Расонаҳои хабарии Украина мегӯянд, ҳангоми узрхоҳии гуруҳи саднафараи кормандони Беркут аз тазоҳургарон, мардум бо овози балан “Шармандаҳо” гуфта, ба самти онҳо ашёро мепартофтаанд.
Ба иттилои манбаъ, низому тартиботи маросими узрхоҳии кормандони Беркут аз сӯи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Украина таъмин шуда, инчунин раҳбарони калисоҳо низ барои ором кардани мардум дар майдон ҳузур доштаанд. Ин дар ҳолест, ки Раёсати умури дохилии шаҳри Лвов аз иштироки кормандони таъиноти махсуси ин минтақа дар нооромиҳои Киев хабар дода, мегӯяд, дар задухӯрдҳои 11 феврал 130 корманди Беркут сафарбар шуда буд.