Худкушии марди 39-сола дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Ғафуров
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд марде даст ба худкушӣ задааст, ки алҳол сабаби онро масъулин муайян месозанд.
Тавре ба хабаргузориии «Озодагон» аз Раёсати умури дохилии Суғд дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як сокини 39-сола - А.А., ки бекор будааст, дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехтааст. Гуфта мешавад, ин марди 39-сола чандест, ки бо ҳамроҳии модару бародараш ба сар бурда, аз ҳамсараш ҷудо будааст.
Ёдрас мекунем, дар зарфи як соли ахир дар қаламрави вилояти Суғд 281 нафар, аз ҷумла, 128 зан ва 153 мард, даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба соли 2012-ум 12 ҳолат ё 4,2% камтар мебошад.
Тибқи иттилои масъулин, тафтиши ин қабил ҳодисаҳо дар соли 2013 нишон додааст, ки муомилаи бераҳмона, паст задани шаъну эътибор, гирифторӣ ба бемориҳои рўҳӣ, асаб, касалиҳои вазнин, вазъияти оилавӣ, иқтисодӣ, ҳолатҳои мастӣ ва ғайра барои даст задан ба ин ҳодисаҳои номатлуб “мусоидат” намудаанд.