Истеъфои ҳукумати муваққати Миср ба раҳбарии Бабловӣ
Ҳукумати муваққати Миср бо раҳбарии Ҳозим Бабловӣ дар пайи афзоиши раванди корпартоӣ дар ин кишвар ба истеъфо рафт.
Тибқи иттилои Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, Адлӣ Мансур, раисиҷумҳури муваққати Миср рӯзи 24 феврал зери истеъфономаи ҳукумат имзо гузоштааст. Расонаҳои мисрӣ мегӯянд, Адлӣ Мансур аз аъзои кобинаи ҳукумати ба истеъфорафтаи Миср хоҳиш кардааст, то ташкили ҳукумати муваққати нав корро идома диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ меафзояд, Иброҳим Маҳлаб, собиқ вазири сохтмони манозил барои ташкили ҳукумати муваққати ҷадид дастур гирифтааст, ки интизор меравад, дар он Абдулфаттоҳ Сисӣ, вазири дифоъ ва Муҳаммад Иброҳим, вазири умури дохилии ин кишвар мансабҳои худро ҳифз кунанд.
Ҳозим Бабловӣ дар шарҳи истеъфояш иқрор кардааст, ки ҳукумати муваққати ӯ дар давоми фаъолияташ бахатогӣ роҳ додааст. Бо зикри ин нукта, ки ҳар чанд кишвараш дар марҳалаи бесарусомонӣ қарор дораду ҳукуматаш барои берун рафтан аз буҳрон талош кард, гуфтааст, “мо имконияти васеъ барои пешрафтро дорем, ки ҳамзамон бо худ низ хатарҳое дорад.” Ин дар ҳолест, коршиносони мисрӣ мегӯянд, ин ҳама заминае барои эълон ва хабар додани Абдулфаттоҳ Сисӣи аз пешбарии номзадияш ба мақоми президентӣ мебошад.
Ҳукумати муваққати Бабловӣ дар пайи инқилоби низомии ин кишвар бо раҳабарии Сисӣ ташкил гардида буд, ки мунҷар ба барканор ва боздошту ҳабси Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури баргузидаи мардуми Миср гардид.