Коҳиши додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз тирпаронӣ
Оҷонси омори Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани мизони додугирифти тиҷорӣ миёни кишвар ва Қирғизистон хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, давоми моҳи январи соли ҷорӣ маблағи умумии табодули коло миёни ду кишвар 1 миллиону 236 ҳазор долларро ташкил додааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми додугирифти тиҷорӣ миёни ду кишвар 11 миллион доллар арзёбӣ мешуд. Оҷонси омор мегӯяд, табодули коло миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми соли 2013 2,3 дарсад боло рафта, дар маҷмуъ ба 186 миллиону 500 ҳазор доллар расида буд.
Поин рафтани ҳаҷми табодули коло миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳолест, 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз задухӯрди мусаллаҳона ба миён омад. Дар пайи ин тирпаронии марзбонони ду ҷониб, ки дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст, мақомоти Бишкек марзи худро ба таври якҷониба бастаанд. Аз сӯи дигар, Хадамоти марзбонии Қирғизистон ахиран аз афзоиши қочоқчиён хабар дода буд. Ин ниҳод гуфта буд, танҳо дар давоми як рӯз ду шаҳрванди кишварашро ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва қочоқи коло аз Тоҷикистон ба ватан боздошт кардааст. Манбаъ мегӯяд, яке аз боздоштшудагон қасди ворид кардани беш аз се тонна мандарин аз Тоҷикистон ба Қирғизистонро доштааст.