Янукович: Замоне дар сари қудрат, ҳоло дар ҷустуҷӯи пулис
Вазорати умури дохилии Украина Виктор Янукович, ҳоло раисиҷумҳури собиқи ин кишварро, ки дар пайи нооромии охир ватанро тарк кардаву ба ҷои номаълум ғайб задааст, дар пайгарди қонунӣ қарор дод. Ин ниҳод мегӯяд, раисиҷумҳури Укрина дар таҳрик ба қатли тазоҳургарони майдони Киев муттаҳам мешавад.
Арсен Аваков, иҷрокунандаи вазири умури дохилии Украина, дар саҳифаи фейсбукияш дар ин бора хабар дода, гуфтааст, алайҳи Янукович бо иттиҳоми мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин дар ҳолест, ки парлумони Украина шоми 22 феврали соли ҷорӣ бо судури фармоне раисиҷумҳури ин кишварро аз симаташ барканор карда, ба баргузории интихоботи пеш аз муҳлат дар охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ дастур додааст.
Расонаҳои хабарӣ мегӯянд, Виктор Янукович ҳамроҳ бо Андрей Клюев, раҳбари дастгоҳи президенти Украина ба самти номаълум равона шуда, охирин бор онҳоро тавассути се мошин дар шаҳри Қрим дидаанд. Иҷрокунандаи вазири умури дохилии Украина мегӯяд, раисиҷумҳури барканоршудаи кишвараш рӯзи 21 феврал ба қасди Харков Киевро тавассути чархбол тарк карда, қарор буд, дар анҷумани вакилони минтақавӣ иштирок кунад. Вале рӯзи 22 феврал аз ин тасмими худ даст кашида, озими шаҳри Донетск шудааст.
Ӯ бар ин аст, ки Янукович тавассути фурудгоҳи Донетск қасди берун рафтан аз кишварро дошт, вале ба ин марзбонони украинӣ монеа эҷод кардаанд. Сипас, ӯ озими Қрим шуда, баъд аз огаҳӣ ёфтан аз тасмими парлумони Украина муҳофизони давлатии худро рухсат дода, тавассути се мошин ҳамроҳ бо муҳофизони шахсӣ ба ҷои номаълум паноҳ бурдааст.
Янукович 64 сол дошта, аз моҳи феврали соли 2010 ба ин сӯ дар Украина қудратро дар даст дошт. Ӯ дар гузашта ду навбат ба ҳайси нахуствазир интихоб ва ифои вазифа кардааст. Инчунин раҳбарии Шӯрои амнияти миллию дифоъ ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвараш ба шумор мерафт.