Дастури Убайдуллоев барои ифтитоҳи боғи 12-гектарӣ бо шаршараю фаввора
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 24-уми феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба масъалаи омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дахл карда, хостори ифтитоҳи расмии бархе аз иншооти анҷомёфта шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев махсусан ба Боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати наздики 12 гектар паҳн шуда, дарахтони нодир, шаршара ва фаввораҳои муҳташам дорад, таваҷҷуҳ кардааст. Манбаъ таъкид намуд, ки ин боғ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ бунёд гардидааст.
Раиси Душанбе қаблан низ ба фаъолияти “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт дахл карда, онро макони хуб барои издивоҷи сокинон арзёбӣ намуда буд. Ӯ масъулинро муваззаф сохтааст, ки ояндаи наздик масъалаи дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба роҳ мондани фаъолияти Хонаи ақди никоҳи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шавад.