Дастури Бердимуҳаммадов барои дастрастар шудани интернет
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба масъулини кишвараш барои дастрастар шудани интернету таҷҳизоти навини алоқа ба сокинон дастур додааст.
Бердимуҳаммадов гуфтааст, “Ҳоло бояд, тамоми сокинони Турамнистон ба интернету таҷҳизоти навини алоқа дастрасӣ дошта бошанд.”
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, феълан дар бозори алоқаи Туркманистон Ҷамъити саҳомии шакли пӯшида “Асри тилоӣ” фаъолият дорад, ки ҳудуди 3 ҳазору 700 муштарӣ аз хидматрасонии он истифода мекунад.
Хабаргузории давлати Туркманистон- TDH мегӯяд, барои васеъкардани ғунҷоиши дастгоҳҳои телефони рақамӣ ширкати давлати “Туркментелеком” тасмим гирифтааст, 63 АТС роҳандозӣ карда, беш аз 63 ҳазор нуқтаи телефонӣ васл намояд, ки аз ин нишондод ҳудуи 27 ҳазораш барои истифодабарандагони интернет пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, бо омадани Бердимуҳаммадов ба сари қудрат дастрасӣ ба интернет то ҷое дар Туркманистон озодтар шудааст. Ӯ дар нахустин суханронии худ, дар бораи интернет он замон низ гуфта буд, “фикр мекунам, бояд ҳама ба шабакаи ҷаҳонии интернету таҷҳизоти навини техникии алоқа дастрасӣ дошта бошанд.” Вале коршиносон мегӯянд, ҳар чанд сокинони Туркманистон ба интернет дастрасӣ доранд, вале ворид шудан ба бархе аз саҳифаву шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “YouTube”, “Facebook”, “Twitter”, “LiveJournal”, “kremlin.ru”ва мессенҷерҳои “WhatsApp”, “Wechat”, “Line”, “Viber” дар дохили ин кишвар номумкин аст.