Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аснои сафари кориаш дар шаҳри Кӯлоб бо ҳайати тими футболи «Равшан» ва намояндагони ин даста мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ райисҷумҳур бо аъзоёни тим муроҷиат карда гуфт, ки шахсан ба бозии «Равшан» таваҷҷӯҳ дорад ва барои даста дар чемпионати ҷумҳурӣ бурдборӣ таманно намуд. «Футболи хуб нишон диҳед ва аснои бозӣ бомаданият бошед», афзуд райисҷумҳур. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» президент аз мушкилу норасоӣ дар даста пурсон гардида, ба сарапарасти «Равшан» супориш додааст, ки дар мавриди сару либоси варзишгарон ва хариди ашёҳои зарурӣ коҳилӣ накунанд.
Гуфтанист, Эмомалӣ Раҳмон то рӯзи ҷашни истиқлол тими «Равшан»-и Кӯлобро бо автобус таъмин намуданӣ аст. Маврид ба ёдоварист, ҳанӯз пеш аз бозии футбол байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ Рустами Эмомалӣ, писари бузурги президент Раҳмон низ барои тими «Равшан» ваъдаи таъмини автобус карда буд. Аммо мутаасифона, баъди даргириҳои пасифутболӣ аз ин ваъда дигар ёде нашуд.{jathumbnail off}