Эълони омилҳои марги Умедҷон Тоҷиев дар бемористони СИЗО
Маркази ташхиси судӣ-тиббии вилояти Суғд омилҳои марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ҲНИТ-ро, ки дар бемористони боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд фавтид, муайян ва эълон кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, Тоҷиев “бар асари пайдо шудани тромбаи калонҳаҷм дар рагҳои хунгарди шуш”, ки боис ба пешгирии роҳи нафаскашӣ шудааст, ба ҳалокат расидааст.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар хулосаи Маркази ташхиси судӣ-тиббӣ, ки рӯзи 21 феврал дастраси ӯ шуд, омадааст, “Тоҷиев дар пайи беҳаракат боқӣ мондан ба муддати тӯлонӣ ба ин беморӣ дучор шудааст”.
Ба гуфтаи ин ҳуқуқшиноси тоҷик, ӯ рӯзи 19 январи соли ҷорӣ, баъд аз марги Тоҷиев расман ба таври хаттӣ ба Маркази экспертизаҳои судӣ-тиббии вилояти Суғд муроҷиат карда, ташхиси омилҳои марги ин узви ҲНИТ-ро талаб карда буд. Хонум Воҳидова мегӯяд, бояд ташхиси омилҳои марги Умедҷон Тоҷиев, ки ҳоло ин имконият ҳаст, дубора аз сар гузаронида шавад.
Зеро ба гуфтаи ӯ, худи Тоҷиев қаблан аз мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш аз сӯи кормандони мақомоти қудратии Исфара шикоят карда буд. Вале мегӯяд ӯ, рӯшан нест, ки наздикони ӯ барои кушодани қабрашу дубора ташхис кардани он ризоият медиҳанд ё не.