Фавти ду муҳоҷири тоҷик бар асари садама дар Русия
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, бар асари садамаи нақлиётии шаби 23-юми феврал дар Русия 2 муҳоҷири тоҷик ҳалок ва ду нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи садама, ки дар қитъаи Южноуралскии роҳи мошингарди Челябинск-Троитск рух дод, дар маҷмуъ 4 нафар, аз ҷумла ду ронанда, ки шаҳрванди Русия будаанд, ҳалок гардиданд.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар қатори шаҳрвандони фавтидаи тоҷик Амиршо Собирқулов, сокини деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ва Ҳошимҷон Раҳимови 37- сола, сокини ноҳияи Румии вилояти Хатлонро номбар кард: “Ду шаҳрванди дигар, Абдумутолиб Набиев, сокини ноҳияи Румӣ ва Исмоил Меликов бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи шаҳрии Южноуралск бистарӣ гаштаанд.”
Манбаъ афзуд, феълан дар ҷои ҳодиса кормандони гуруҳи тафтишотию фаврӣ ба дақиқ кардани сабаби садама машғул мебошанд.